Бахши нав

 Суроғаи ҳуқуқии Марказ: 734036. Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Бобо Ҷобир, 21.

 Почтаи элекронӣ:------ 

  Сомонаи марказ: www.mtm-mst.tj

  Сохтор ва ташкили фаъолият: Дар марказ  3 шуъба, 5 бахш ва китобхона фаъолият менамояд.

 Дар назди Марказ Шӯрои тасдиқи стандартҳо ва тахассусҳо таъсис дода шудааст, ки мақоми олии роҳбарикунандаи Марказ буда, таҳти раиси Шӯро - директори Марказ амал менамояд.

Самтҳои калидии фаъолити марказ таҳлил, таҳия, тасдиқи стандартҳои салоҳияти касб, нақша ва барномаҳои таълимии модулӣ, гузаронидани мониторинги вазъи заминаи моддӣ-техникӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, фаъолияти утоқҳои фанҳои тахассусӣ, устохонаҳои таълими истеҳсолӣ дар муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ба ҳисоб меравад.

Инчунин:

- бо ҷалби гурӯҳҳои эҷодӣ ва мутахассисони муассисаҳои таълимӣ  таҳия, тарҷума ва ба нашр расонидани китобҳои дарсии тахассусӣ, дастуру тавсияҳои таълимӣ-методӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ-методӣ;

- расонидани кумаки амалии методӣ ба кормандони муҳандисӣ-омӯзгории марказҳои таълимӣ;

- дастрасӣ намудани муассисаҳои таълимӣ бо стандартҳои салоҳият, нақша ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсии тахассусӣ ва дигар маводи чопӣ;

- ташкил ва баргузории озмунҳои касбӣ байни касбомӯзони муассисаҳои таълимӣ

- такмил додани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба чорӣ намудани технологияи иттилоотии компютерӣ, низоми рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди фаъолияти марказ.

Related Articles

Идоракуни

Бахши умуми

Таъбу нашр

Маълумоти ҷойгиршавии марказ

 
 ш. Душанбе к. Бобо Джобиров, 21 
баъд аз мактаби 17 яку кӯча ба дасти рост
 

Ҷойгиршавии мо дар харита