✅ Сроға: ш.Душанбе Бобоҷобир 21 📱 231 37 55 📧 mts-sk@mail.ru
Муассисаи давлатии "Маркази
таҳияи стандартҳои салоҳияти касб"


Сардори шуъбаи тасдиқи сатҳи тахассусҳова таҳияи стандартҳои салоҳияти касб С.Каримов

Баргузории маҷлисҳо

Дар раванди ҳафта маҷлис барои супориш ва иҷроияи корҳо баргузор мегардад.
Собиқадорони марказ.
Mаълумот оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази таҳияи стандартҳои салоҳияти касб»
Муассисаи давлатии «Маркази таҳияи стандартҳои салоҳияти касб» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №122 дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонфаъолият мекунад.
Номи расмии Марказ:
Суроғаи ҳуқуқии Марказ: 734036. Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Бобо Ҷобир, 21.
Почтаи элекронӣ:------
Сомонаи марказ: www.mtm-mst.tj
Сохтор ва ташкили фаъолият: Дар марказ 3 шуъба, 5 бахш ва китобхона фаъолият менамояд.
Дар назди Марказ Шӯрои тасдиқи стандартҳо ва тахассусҳо таъсис дода шудааст, ки мақоми олии роҳбарикунандаи Марказ буда, таҳти раиси Шӯро - директори Марказ амал менамояд.
Самтҳои калидии фаъолити марказ таҳлил, таҳия, тасдиқи стандартҳои салоҳияти касб, нақша ва барномаҳои таълимии модулӣ, гузаронидани мониторинги вазъи заминаи моддӣ-техникӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, фаъолияти утоқҳои фанҳои тахассусӣ, устохонаҳои таълими истеҳсолӣ дар муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ба ҳисоб меравад.
Инчунин:
- бо ҷалби гурӯҳҳои эҷодӣ ва мутахассисони муассисаҳои таълимӣ таҳия, тарҷума ва ба нашр расонидани китобҳои дарсии тахассусӣ, дастуру тавсияҳои таълимӣ-методӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ-методӣ;
- расонидани кумаки амалии методӣ ба кормандони муҳандисӣ-омӯзгории марказҳои таълимӣ;
- дастрасӣ намудани муассисаҳои таълимӣ бо стандартҳои салоҳият, нақша ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсии тахассусӣ ва дигар маводи чопӣ;
- ташкил ва баргузории озмунҳои касбӣ байни касбомӯзони муассисаҳои таълимӣ
- такмил додани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба чорӣ намудани технологияи иттилоотии компютерӣ, низоми рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди фаъолияти марказ.
Арҷгузорӣ ба собиқадорони Маркази таҳияи стандартҳои салоҳияти касбӣ
Собиқадорони Маркази таҳияи стандартҳои салоҳияти касбӣ — ин шахсонеанд, ки бо меҳнати содиқона, дониш, таҷриба ва масъулияти баланди касбӣ дар рушду такомули низоми стандартгузории салоҳиятҳо саҳми арзанда гузоштаанд.
Маҳз бо кӯшишу заҳмат ва ғамхории ин шахсони соҳибтаҷриба, таҳкурсии устувори рушди салоҳиятҳои касбӣ дар кишвар гузошта шуд. Онҳо на танҳо дар ташаккули методологияи стандартҳои нав ва низоми баҳодиҳии салоҳиятҳо пешсаф буданд, балки барои тарбияи мутахассисони ҷавон низ ҳамчун устодони ҳақиқӣ хизмат карданд.
Имрӯз, мо бо камоли эҳтиром ва ифтихор ба заҳмату хизматҳои шоистаи собиқадорони марказ арҷ мегузорем. Онҳо намунаи ибрат барои наслҳои оянда буда, таҷриба ва пандҳои онҳо ба рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти касбӣ ва меҳнат саҳм мегузоранд.

Тибқи Нақша чорабинии Муассисаи давлатии " Маркази таҳияи стандартҳои салоҳияти касб" санаи 26 июни соли ҷорӣ оид ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласа гузаронида шуд. Дар ҷаласа тамоми кормандони муассиса иштирок дошта сараввал роҳбари муассиса ҳамари кормандонро ба рӯзи ваҳдати миллӣ табрик намуда, ба қайд карданд, ки рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Рӯзи 11 июни соли 2025 Семинар оид ба Лоиҳаи навсозии ҳифҳи иҷтимоӣ ва ҳамгиронии иқтисодӣ баргузор гардид. Дар семинар иштирок доштанд директори марказ Мусоев А. ва сармутахасиси Шуъбаи технологияи иттилоотӣ, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ.
Хабарҳо

Марказ таҳия, таҳлил ва тасдиқи стандартҳои салоҳияти касб, барномаҳои модулӣ, фароҳам овардани низоми ягонаи ҷумҳуриявии илмӣ-инноватсионӣ, таълимӣ-методӣ, гузаронидани мониторинг, машваратдиҳӣ, озмунҳои касбӣ дар муассиҳои таълимии тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонидани ёрии методӣ ба онҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълиму тарбия, тайёрии касбии мутахассисон тибқи санадҳои меъёрии соҳа, ҷорӣ намудани комёбиҳои илмӣ-инноватсионӣ ва таҷрибаи муосири педагогиро ба роҳ мемонад.















